Боздиди сафирони Латвия ва Ҳиндустон аз ВКХ Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 19 феврал сафири Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш. Рига) Игорс Апокинсро ба муносибати раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва  ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ […]

ASIA-Plus



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 19 феврал сафири Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш. Рига) Игорс Апокинсро ба муносибати раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва  ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар мавзӯъҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Қайд гардид, ки раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки минтақаи Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии ИА муайян намудааст, барои расидани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ҳамчун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷи низ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишварро таъкид намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.