КМИР сабти нозирони байнулмилалиро ба итмом мерасонад

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён пагоҳ, 24 феврал ҷаласаи васеи КМИР-ро доир менамояд, ки дар он гурӯҳи охирини нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда расман ба қайд гирифта мешаванд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори нозироне, ки дар […]

Аваз Юлдошев



Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён пагоҳ, 24 феврал ҷаласаи васеи КМИР-ро доир менамояд, ки дар он гурӯҳи охирини нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда расман ба қайд гирифта мешаванд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори нозироне, ки дар ҷаласаи мазкур ба қайд гирифта мешаванд, дақиқ маълум нест ва ин масъала то шоми имрӯз мувофиқа хоҳад шуд.

«То имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯъ 427 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ ва кишварҳои ҷудогонаро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифт», – гуфт ӯ.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона интизорӣ меравад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 25 феврал КМИР шумори дақиқи нозирони маҳаллии расман сабтшударо эълом хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.