Убайдуллоев: Интихоботи доиргардида беҳтарин интихобот дар таърихи Тоҷикистон аст



– Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки санаи 1 март доир гардид, беҳтарин маъракаи интихоботӣ дар таърихи Тоҷикистон аст, – изҳор дошт имрӯз раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ дар иҷлосияи охирини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми кишвар бо раъйи худ бори дигар собит сохт, ки комилан аз сиёсати пешгирифтаи президент баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии он ҷонибдорӣ мекунад.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти даъвати кунунии палатаи болоии парлумони кишвар, М.Убайдуллоев қайд кард, ки муддати 5 сол аъзои Маҷлиси миллӣ 607 қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо тасдиқ карданд, ки аксари онҳо аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буданд.

«Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 5 сол мо номи беш аз 700 маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро иваз намудем ва имрӯз низ ҷамоати Қабодиёни ноҳияи Қабодиён ва ҷамоати Заркамар табдили ном кард», – таъкид дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тӯди 5 соли фаъолияти Маҷлиси миллӣ беш аз 50 ҳайати парлумонии бисёр кишварҳои дунё аз он боздид намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное