Ҷонибдории палатаи болоии парлумон аз номзадҳои муовинони прокурори генералӣ



Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи 21-уми охирини палатаи болоии парлумон даъвати гузашта баргузор шуд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадҳои аз ҷониби президент пешниҳодшуда ба вазифаи муовини аввали прокурори генералии ҶТ Ҳотам Назарзода, муовинони прокурори генералии ҶТ Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов, муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозодаро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин пешниҳоди президент дар бораи аз вазифаҳояшон озод шудани муовинони пешини прокурори генералӣ Абдуқодир Муҳаммадиев, Ҳабибулло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода ва Хайрулло Саидзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанро низ дастгирӣ карданд.

Аъзои палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳоди президент дар бораи аз вазифа бозхонд шудани судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Сафармо Имомоваро низ маъқул шумориданд.

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, рӯйхати аз ҷониби президент пешниҳодшудаи машваратчиёни халқии Суди олии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2010 тасдиқ шуд, ки аз 201 нафар шаҳрвандони кишвар иборат аст. Ба рӯйхати тасдиқшудаи машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди олӣ 104 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное