Коршинос: Исломи сиёсишудаи Тоҷикистон қатли мудҳиши як зан дар Кобулро «нодида гирифт»



– Эҳсосот ва ақидаҳои кӯҳнаи динӣ, ки дар бисёр кишварҳои исломии ҷаҳон аз қонун болотаранд, дар ҳама гуна ҳолат метавонанд ба чунин амали ваҳшиёна нисбати инсон боис шаванд, ки дар Кобул нисбати зане бо номи Фархунда сурат гирифт, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» доктори улуми фалсафа, директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон Ҳафиз Бобоёров.

«Дар бисёр кишварҳои исломӣ ҳатто ибрози андешаи мухолиф ба ақидаи бунёдгароён ва мутаассибон метавонад ба оқибатҳои фоҷеабор оварда расонад. Ман дар хотир дорам, ки чанд сол қабл бунёдгароёни динии афғон талаб карда буданд, ки барои нашри дурнамои рушди кишвар дар панҷ соли минбаъда журналист ба 20 соли зиндон маҳкум карда шавад», – қайд кард олими тоҷик.

Бобоёров ҳамчунин изҳор намуд, ки намояндагони исломи сиёсишудаи Тоҷикистон, ходимони ғайрирасмии динии кишвар ин ҳодисаи мудҳиши қатли ваҳшиёнаи як зан дар Кобулро гӯё «пайхас ҳам накарданд» ва шарҳу тавзеҳе ҳам надоданд.

«Ходимони ғайрирасмӣ ва пешвоёни динии Тоҷикистон, ки исломро ба сиёсат мегараванд, дар ин ҳолатҳо хомӯширо авло медонанд, зеро онҳо ба шарҳу тавзеҳи рӯйдодҳои ҷаҳон ба манфиати худ одат кардаанд, онҳо хомӯшанд, чунки аз эътирофи нақши дуюмдараҷаи зан дар ҷомеа аз ҷониби исломи сиёсишуда огаҳанд», – афзуд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, дар

мусоҳиба бо радиои «Озодӣ»

, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар ин робита изҳор намуд, ки «ин амал ҳаргиз аз Қуръон ва барои дифоъ аз китоби муқаддаси мусулмонҳо нест. Балки, баръакс, бар мухолифаш аст».

Ёдрас мекунем, ки Фархундаи 27-сола рӯзи 19 март дар назди масҷиди “Шоҳи душамшера”-и Кобул баъд аз иддаои як мулло дар бораи гӯё таш задани китоби “Қуръон” мавриди латукӯби издиҳоми хашмгин қарор гирифт. Ҷасади беҷони Фархундаро сипас сӯзонда, ба рӯдхонаи Кобул андохтанд.

spot_imgspot_img

Популярное