Дар Душанбе таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи СААД баррасӣ мешавад

Date:



Дар ҷаласаи дурӯзаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи масъули Созмон баррасӣ мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ баргузор мешавад.

Кумитаи низомӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД таъсис дода шуда, ба ҳайати он сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД шомил мебошанд. Дар ҷаласа муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков иштирок ва суханронӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур баррасӣ ва таҳлилии масъалаҳои таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар  минтақаҳои таҳти масъулияти СААД қарордошта, таҳияи тадбирҳо ва вокуниш ба онҳо, рушди таркибҳои низомӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ дар соли равон, дурнамои рушди Нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД, роҳандозии чорахои мудофиаи зидди ҳавоӣ дар доираи Созмон ва ҳамчунин такмили корҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СААД дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Кумитаи низомӣ дар остонаи ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД (моҳи майи соли 2015) баргузор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...