Ҷоизаҳои Оксфам ба ғолибони озмуни телевизионӣ

Имрӯз дар арафаи таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони маҷмааи таърихии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» Оксфам ҷоизаҳоро ба ғолибони Озмуни телевизионии «Пешгирӣ ва рафъиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ» тақдим менамояд. Дар чорабинии мазкур ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мактаббачагон ва инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб ҳузур хоҳанд дошт.  «Рӯзи Ғалаба ҷашни байналмилалӣ ва […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз дар арафаи таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони маҷмааи таърихии «2700-солагии шаҳри Кӯлоб» Оксфам ҷоизаҳоро ба ғолибони Озмуни телевизионии «Пешгирӣ ва рафъиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ» тақдим менамояд.

Дар чорабинии мазкур ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мактаббачагон ва инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб ҳузур хоҳанд дошт.

 «Рӯзи Ғалаба ҷашни байналмилалӣ ва маъракаи пуршукӯҳи кишвар мебошад ва тақдими мукофоту ҷоизаҳо дар ҳузури шумораи зиёди ҳозирин фарҳанги омодагӣ ба офатҳои табииро то андозае таҳким мебахшад. Ғайр аз ин, тағйирот дар амалия ва таҷриба, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории самаранок боиси коҳиши назарраси хатар аз офатҳои табиӣ хоҳад гардид», – гуфт директори минтақавии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.

Мактаббачагон аз 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз санаи 16-ум то 20-уми апрел дар озмуни телевизионӣ ширкат варзида, маҳорати хешро дар толори мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳри Кӯлоб нишон доданд. Барномаи озмуни телевизионӣ аз саломнома, мушоираи бадеӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, саҳнача дар иҷрои толибилмон, ки характери омӯзишии риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дошт ва инчунин саволу ҷавоб иборат буд.

«Мақсад аз баргузор намудани озмуни телевизионӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ омода намудани онҳо ҳангоми дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳамчунон пешгирии фоҷеаҳои инсонӣ ҳангоми таҳдиду хатари офатҳои табиӣ аст», –  гуфт сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Асомиддин Сафаров.

Озмун дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ташкил гардид. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.