Ташкилоти ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷиистон «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов қарор (резолютия) қабул кард.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар қарори қабулшуда зикр мегардад, ки Шӯрои ташилоти ҷавонони ҲХДТ аз аввал ба интихоб ва тасдиқи И.Абдураҳмонов ба ҳайси пешвои ташилот мухолиф буд.
«Аммо муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода ба мо итминон дод, ки И.Абдураҳмонов ташкилотчии лаёқатманд ва инсони босаводу бомаърифат аст, вале муддати чор моҳи кораш мо ин қобилиятҳои ӯро мушоҳида накарда, баръакс дар ин давра ба якравӣ, қабул надоштани андешаи аксарият ва кор карда натавонистанаш дар даста боварӣ ҳосил намудем», – омадааст дар қарор.
Дар идома қайд мешавад, ки И.Абдураҳмонов раҳбарияти ҲХДТ-ро беасос ба маҳалгароӣ ва дигар гуноҳҳо айбдор мекунад.
«Ахири моҳи апрел «Созандагони Ватан» аз озмуни эълоншуда миёни наттоқони ҷавон натиҷагирӣ карда, ҳайати ҳакамони озмунро муовини раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён ба сарварӣ гирифт. И.Абдураҳонов маҳз ба нишони эътироз ба қарори ҳайати ҳакамони озмуни мазкур сару садо баланд кард», – қайд кард Солиев.
Ёдрас мекунем, ки пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд,
аз мансабаш истеъфо дод.



