Дилшод Назаров ба Бозиҳои Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифт

Варзишгари аввалини Тоҷикистон, гурзандоз Дилшод Назаров ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт. Рӯзи 25 май ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Чехия ширкат варзида, ба натиҷаи дуюм дар ҷаҳон ноил гардид. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 см партофт, ки ин ба ӯ барои иштирок дар […]

Сайфиддин Қараев



Варзишгари аввалини Тоҷикистон, гурзандоз Дилшод Назаров ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Рӯзи 25 май ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» дар Чехия ширкат варзида, ба натиҷаи дуюм дар ҷаҳон ноил гардид. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 см партофт, ки ин ба ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон-2015 (22-30 август, Пекин) ва Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро ҳуқуқ медиҳад.

Зинаи аввал дар ин мусобиқаро бо нишондиҳандаи 80,75 см варзишгари Лаҳистон (Полша) Павел Файдек ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,71 см намояндаи Маҷористон (Венгрия) Кристиан Парс ишғол намуданд.

Акнун Дилшод Назаров дар мусобиқаи навбатии Чемпионати Осиё, ки рӯзҳои 3-7 июн дар шаҳри Ухани Чин баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров Олимпиадаи чорум аст. Бори нахуст ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина (Юнон) иштирок кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ӯ зинаи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мақоми 10-умро касб намуда буд.

Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё дар солҳои 2009 ва 2013 аст. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон соли 2013 дар Маскав ба дарёфти мақоми 5-ум ноил гардида буд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари варзишгари маъруф будан, айни замон Дилшод Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ фаъолият дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.