Фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон ба сафҳои ДИИШ пайвастанашро тасдиқ кард

Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад. Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД […]

ASIA-Plus



Фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ интишор намуд, ки дар он ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастанашро тасдиқ мекунад.

Дар навори видеоии 12 дақиқаву 20 сония Г.Ҳалимов бо забони русӣ мегӯяд, ба нишони эътироз ба тарзу усулҳои кори ВКД Тоҷикистон, ки ба хондани намозу ба бар кардани сарулибоси исломӣ иҷозат намедиҳад ва ҳамчунин алайҳи размоишҳои муштарак бо Русия ва ИМА, ӯ ин роҳро интихоб намудааст.

Фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар навор бо силоҳи нишонзанӣ ва сарулибоси сиёҳ дар пасманзари дарахти нахл (палма) пайдо шуда, дар бораи худ, маҷлисҳои роҳбари ВКД Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Дар навори видео садои ибодат бо забони арабӣ шунида мешавад.

Тавре 

қаблан иттилоъ дода будем

, фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Ба «Азия-Плюс» муяссар гардида буд, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), андешаву афкор ва воҳидҳои ҷангии он маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудааст.

«Ӯ ба мутаассиб (фанатик)-и ДИИШ табдил ёфта, миёни наздикону атрофиёнаш ба паҳн кардани андешаву ғояҳои ин созмони террористӣ шурӯъ намуд. Насиҳату тавсияҳои мо оид ба бемаънӣ будани ҳамроҳшавӣ ба ДИИШ-ро бо асабоният рад мекард», – гуфта буд як шиноси ӯ, ки нахост номаш ифшо гардад.

Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, Г.Ҳалимов як гурӯҳи худ иборат аз 10 нафарро, ки ҳама сокинони Тоҷикистон ва асосан бекорон мебошанд, ҷамъоварӣ намуда, рӯзи 1-уми май тариқи ҳавопаймо ба Маскав раҳсипор шудааст ва аллакай рӯзи 2 май ӯро дар фурудгоҳи байнулмилалии «Шереметево»-и Маскав дидаанд.

Ба тахмини манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, барои ҷалби ҳар кадоме аз ҷангиён ба полковники тоҷик маблағи зиёди пулӣ ваъда кардаанд.

Хешону наздикони Ҳалимов мутмаинанд, ки ӯ ҳамсару 8 фарзанди худро бидуни таъмин кардани маблағ барои рӯзгор партофта, барои ҷанг ба Сурия рафта наметавонист.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майор Икром Умарзода

рӯзи 12 май

ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар бораи макони будубоши фармондеҳи ДТММ ВКД Г.Ҳалимов ягон маълумоте надорад. Ӯ маълумоти ба сафҳои ДИИШ пайвастани полковникро тасдиқ ҳам накарду инкор низ. «Ман дар ин бора ҳеҷ огаҳие надорам», – таъкид дошт муовини вазир.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода

рӯзи 20

май ба журналистон дар ин робита изҳор карда буд, ки «ҳоло вақти шарҳи овозаҳо атрофи фармондеҳи ОМОН нест».


Рӯзи 26 май

бошад, сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии ВКД Тоҷикистон Зумрад Солиева дар мавриди ин қазия гуфт, аз рӯи далели бедаракшавии фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов «ҳамаи овозаҳо, ки баъзан мухолифи якдигаранд ва ҳатто тахмину бофтаҳо дар мавриди ин ҳодиса санҷида шуда истодаанд».

Қобили зикр аст, ки Гулмурод Ҳалимов ҳудуди се сол пеш фармондеҳи ДТММ ё худ ОМОН-и  ВКД Тоҷикистон таъин гардида, барои хизмати намунавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.