Хабаргузории LifeNews менависад, суди ноҳияи Преображенскии шаҳри Маскав дар бораи таҳти ҳабс қарор додани се нафар гумонбаршудагон дар як силсила амалҳои роҳзаниву ғоратгарӣ ҳалнома содир намуд, ки акнун онҳо муддати 2 моҳ – то 11 авугуст дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.
Боздоштшудагон Суҳроб Ҳайдаров, Валерий Акуҷба ва Сергей Горепякин дар содир намудани якбора даҳҳо амалҳои роҳзанӣ гумонбар дониста шуда, яке аз онҳо барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор доштааст.
Гуфта мешавад, дар сурати исботи гуноҳ ба Суҳроб Ҳайдаров 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамсараш омода будааст, ки барои ӯ дар ҳаҷми миллион рубл гарав пардохт намояд. Дар ҳамин ҳол, худи мард расман бекор будааст.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл рӯзона кормандони пулис бо тирпарронӣ автомашинаи «Мерселес-GL»-ро
таъқиб намуданд
, ки ҷинояткорони эҳтимолӣ дар дохили он қарор доштанд. Онҳо ду автомашинаи «Форд»-и мақомоти пулисро рахна карда, паноҳ бурданӣ шудаанд. Танҳо баъд аз ин кормандонипулис аз аслиҳа истифода бурда,
52 тир холӣ намудаанд
.
Тибқи маълумоти пешакӣ, «автомашинаи «Мерседес» рабуда шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. Аз он
аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии этникӣ истифода мебурдаанд
, ки дар ҳамлаи ғоратгарона ба инкассаторҳо ва ғорати беш аз 9 млн. рубл 1 мард гумонбар дониста мешаванд.



