Муколамаи навбатӣ оид ба ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва ИА



Ахири ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни муколамаи созанда ҷонибҳои масъалаҳои ҳуқуқи инсон,  озодии сухан ва эътиқод, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба кӯмаки ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои ислоҳотӣ, инчунин ҳуқуқи занон ва кӯдаконро баррасӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Фонди ҳуқуқи башари Хелсинки (Лаҳистон) ва Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия) аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо

даъват карда буданд

, ки зимни вохӯрӣ бо мансабдорони тоҷик дар Брюссел масъалаҳои ба худкушӣ даст задани Хушвахт Қаюмови 17-сола бар асари шиканҷаи кормандони милиса, Шаҳбол Мирзоеви маъюбшуда бар асари лату кӯб дар артиш ва Шамсиддин Зайдуллоеви таври мармуз дар АНМН ҳалокшударо баррасӣ кунанд.

spot_imgspot_img

Популярное