Гумонбар ба педофилия (муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғон), афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки дар вокзал шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба бо интернетро вомехӯрад, вале ӯро кормандони мақомоти пулис пешвоз гирифтанд.
Бино ба иттилои ВАО-и Русия,
шоми рӯзи 11 июн
дар возкали Маскав гумонбар ба гумроҳкунии ноболиғон ба амалҳои шаҳвонӣ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон боздошт шудааст. Низомии тоҷик ба вокзал барои вохӯрӣ бо шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳозир шудааст.
Дар бораи ба Петербург барои таҳсил дар самти низомӣ омадани подполковники тоҷик, мукотиба доштани ӯ бо навраси ноболиғ, баррасӣ кардани масъалаҳои маҳрамона ва ба вохӯрӣ водор кардани ӯ, кормандони фаврии пулис қаблан огаҳӣ доштаанд. Аз ин рӯ, дар вокзал пайдо шудани кормандони мақомоти пулис ва баъдан боздошти афсар танҳо барои ӯ ҳайратовару ногаҳонӣ будааст.
Гуфта мешавад, айни замон масъалаи интихоби чораи пешгирии дар ҳабс ё дар озодӣ қарор доштани боздоштшуда мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.



