Душанбе: Мусодираи 11 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз



Зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар шаҳри Душанбе рӯзи 15 июн кормандони милиса ду ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 29-солаи ноҳияи Панҷ боздошт шуда, дар вақти кофтуков аз ӯ 3-килою 990-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар ин рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 7-килою 110-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

spot_imgspot_img

Популярное