Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (20-21 июн) дар шабакаи YouTube беш аз 20 навор бо изҳороти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаҳо оид ба тарк кардани сафҳои ҳизб аз ҷониби онҳо нашр шуд.
Миёни ин наворҳо изҳороти раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Муллоаббос Раҷабзода низ ҷой дорад, ки соли гузашта раисии бахши ҳизб дар ин вилоятро ба уҳда гирифта буд. Дар навори видео Раҷабзода изҳор мекунад, ки аз раисии бахши ҳизб дар вилоят даст мекашад. «Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015 фаъолияти худро қатъ месозад», – қайд кардааст ӯ.
Роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ва Хуҷанд ва ҳамчунин ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Нуробод, Ҷиргатол ва Восеъ низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот пахш намуда, дар онҳо оид ба хориҷ шуданашон аз сафҳои ҳизб хабар медиҳанд.
«Дар ин изҳорот таъкид мешавад: «Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад», «Мо тарафдори сиёсати Ҷаноби Олӣ», «Аз Ҳизби наҳзат фоидае надидем» ва ё «Маро бидуни огоҳӣ аъзои ҳизб карданд».
Дар бархе аз наворҳои видео талаби қатъи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар садо медиҳад.
Собиқ раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, мушовири раиси ҳизб Илҳом Ёқубов дар изҳороти худ таъкид менамояд, ки ахиран ҳузури ҲНИТ дар ҷомеа боиси ихтилофҳо шудааст.
«Агар ҲНИТ оромиву ваҳдатро халалдор карда истода бошад, пешниҳод мекунем, ки фаъолияташ қатъ гардад. Дар ин бора ман ба раҳбарияти ҳизб таври хаттӣ ҳам хабар додам», – зикр мекунад Ёқубов.
Дар ин робита ҲНИТ имрӯз соати 11-00 нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.



