Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 22 июн ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон (22-24 июн) ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд рахсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ,
ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро
дар ин гуфтушунидҳо муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид роҳбарӣ намуда, он аз 18 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, нақлиёт – Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав – Шавкат Бобозода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғоиб, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, директори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев, роҳбарони КВД «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷиктрансгаз» иборат аст.
Ба ҷуз шахсони зикршуда, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин роҳбарони Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёт низ намояндагӣ мекунанд.
Дар гуфтушунидҳои Тошканд ҳайати кишвари ҳамсояро муовини аввали нахуствазири кин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунад.
Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати кишвар дар ин робита иттилоъ дода будем, ки дар ин ҷаласа ҷониби Ӯзбекистон
реҷаи раводиди ҷоришуда миёни кишварҳо
ҳанӯз моҳи сентябри соли 2000-умро бекор карданӣ нест.
Ба бовари манбаъ, дар гуфтушунидҳои Тошканд ҷонибҳо дар масоили барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин ташкили равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишвар ба мувофиқа мерасанд.
«Ба эҳтимоли зиёд, Тошканду Душанбе шояд сари масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нерӯӣ барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя низ тавофуқ ҳосил намоянд», – таъкид дошт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди Тошканд қабули қарорҳои дахлдор дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангу ҳунар ва транзити молу хизматгузориҳо дар назар аст.
«Баъди ин гуфтушунидҳо дарҳол имзои кадом як аснод ё соззишномаҳоро интизор будан нашояд, агар ҷонибҳо аз рӯи масоили дар боло зикршуда сари як қарори мушаххасе оянд, сипас коршиносон ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматии марбута мепардозанд», – афзуд сарчашмаи хабар.



