Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Чин

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмаоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ машҳури Чин, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноат карда шуда, ҳамчунин доир ба имконоти фарохи […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби кумитаи ҳизбии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Гэнмаоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин музофоти дар соҳаи кишоварзӣ машҳури Чин, ки панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, изҳори қаноат карда шуда, ҳамчунин доир ба имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, сохтмон ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ба иҷрои нишондодҳои тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ миёни як зумра вазорату идораҳои Тоҷикистон бо музофоти Хэнан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ёдоварӣ шуд, ки тибқи ин санад бояд аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон якчанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, орд, равған, хӯроки омехтаи чорво ва коркарди тухмии зироатҳо сохта шавад.

Ба иттилои манбаъ зимни вохӯрӣ бо хушнудӣ зикр гардид, ки як зумра корҳои муштарак, аз ҷумла кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо бо технологияи муосири кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аллакай иҷро шуда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхонаҳои саноатӣ низ бояд ҳарчи зудтар сохта ба кор дароварда шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба ташкил ва густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими минбаъдаи дӯстию ҳамгироӣ табодули назар карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.