Имрӯз дар майдони назди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо ташаббуси кумитаи иттифоқҳои касаба ва шӯрои мутахассисони ҷавони корхона гирдиҳамойӣ доир гардида, дар он кормандони корхона зидди ифротгароии динӣ ва терроризм садо баланд карданд.
Зимни суханронӣ ва ибрози андешаҳо оид ба ин масъала кормандони фаъоли ширкат аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом, пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла Давлати исломӣ нигаронӣ изҳор намуданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон миёни ҷавононе, ки бевосита дар амалиёти низомии Сурияву Ироқ меҷанганд, намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи ҳамсояи Шаҳринав низ ҳузур доранд.
Дар ин чорабинӣ муроҷиатнома ба ҷавонони минтақа қироат карда шуд, ки дар он ба ҷавонон аз моҳияти амалҳои зиддибашарии гурӯҳҳои ифротгаро огаҳӣ дода шуда, онҳо ба эҳтиёткорӣ зимни тасмимгирӣ даъват карда мешаванд.
Иштирокдорони ҷамъомад пуштибонии худ аз сиёсати давлатро изҳор доштанд, ки алайҳи паҳншавии ақидаву ғояҳои ифротгароии динӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон нигаронида шудааст.



