Баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Япония ва Бонки ҷаҳонӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 13 август ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Японияро бо роҳбарии мудири генералии Бюрои умури Аврупо Ҳаҷиме Ҳаяши ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Япония мавриди баррасӣ қарор гирифта, инчунин атрофи масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 13 август ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Японияро бо роҳбарии мудири генералии Бюрои умури Аврупо Ҳаҷиме Ҳаяши ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Япония мавриди баррасӣ қарор гирифта, инчунин атрофи масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули  назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа низ дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили марбут ба дастгирии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ табодули назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.