Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 13 август сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Кумар Бҳаттачарҷиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои шарикии Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуданд, таъкид карданд.
С.Аслов аз сафири Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки Аситх Кумар Бҳаттачарҷӣ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов сафири Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро низ бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф ва инчунин масоили мубрами минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Туркия барои саҳмгузорӣ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар изҳори сипос намуд.



