Эълони озмуни интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳия ва интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ – сомонӣ озмун эълон кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ – сомонӣ, ки аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод мегарданд, бояд ба чанде аз талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, рамз бояд инъикоскунандаи пули миллӣ буда, хотиротеро аз ёдгориҳои […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳия ва интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ – сомонӣ озмун эълон кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ – сомонӣ, ки аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод мегарданд, бояд ба чанде аз талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, рамз бояд инъикоскунандаи пули миллӣ буда, хотиротеро аз ёдгориҳои бостонӣ ба ёд оварад, бо рангҳои дилхоҳу ҷолиб тасвир шуда, хусусияти соф миллӣ ва дорои навгонӣ низ бошад.

Дар БМТ қайд мекунанд, ки ҳаҷми пардохти ҳаққи хизмат аз ҷониби муаллиф пешниҳод гардида, ҳаққи хизмати танҳо рамзи интихобгашта пардохт карда мешавад.

Гуфта мешавад, муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ то 30 сентябри соли 2015 муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба ифтихори асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст. Код дар меъёри ISO 4217 – TJS. 1 сомонӣ аз 100 дирам иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда, рубли тоҷикиро иваз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.