Ғалабаи КМВА «Помир» бар «Парвоз» дар даври 14-уми Лигаи олии футболи мамлакат

Date:



Дар даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бозии ин давр дастаи КМВА «Помир» бо касби 20 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, аз дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) се имтиёз камтар дорад. Қоибили зикр аст, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» як бозӣ камтар гузаронидааст.

Як рӯз пештар, санаи 26 сентябр ду бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон баргузор  шуд. Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Дар дербии суғдӣ миёни “Далерон-Уротеппа-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи хуҷандиҳо ғалаба ба даст овард.

Ёдрас мекунем, ки боз ду бозии дигари даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» – «Вахш» (Қурғонтеппа) ба вақти дигар мавқуф гузошта шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...