Блаттер истеъфо аз мансаби президенти ФИФА-ро рад кард

Date:



– Сарфи назар аз кашмакашҳои ахири коррупсионии марбут ба Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА), президенти ин ташкилот Йозеф Блаттер истеъфо аз мансабашро рад кард, – хабар медиҳад


Reuters


бо истинод ба гуфтаи Ричард Каллен, яке аз адвокатҳои Блаттер.

«Блаттер ба ҳамкорони худ изҳор доштааст, ки бо ҳукумат дар ин масъала ҳамкорӣ дошта, ҳеҷ амали ғайриқонунӣ содир накардааст ва аз мансаби президенти ФИФА истеъфо доданӣ нест», – қайд мешавад дар изҳороти дар

Lenta.ru

 интишоршудаи адвокат.

Дар робита ба интиқоли маблағи пулӣ ба президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини, адвокат Каллен зикр кардааст, ки Платини аз соли 1998 ба сифати мушвири президент ҳамкорӣ мекард ва ин маблағ пардохти қонунӣ барои кораш аст.

Санаи 26 сентябр хабар дода шуд, ки Кумитаи ахлоқи ФИФА нисбати Блаттер ва Платини тафтишотро оғоз намудааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, Платини шояд муваққатан аз иҷрои вазифаҳояш ба муддати якчанд рӯз барканор гардад, ки метавонад ӯро аз рӯйхати доваталабон ба мансаби президенти ФИФА хориҷ созад.


ВЕДОМОСТИ

дар ин робита менависад, прокуратураи Швейтсария рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Блаттер тибқи ду модда – хунукназарии ҷиноӣ ва дуздӣ хабар дод.

Дар иттилоияи прокуратура гуфта мешавад, Блаттер ба пардохти маблағи ғайриқонунӣ ба Мишел Платини дар моҳи феврали соли 2011 дар ҳаҷми 2 млн. франки швейтсарӣ аз ҳисоби воситаҳои ФИФА гӯё барои иҷрои корҳо дар давраи моҳи январи соли 1999 – моҳи июни соли 2002 гумонбар дониста мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...