Бибиотунҳои тоҷикро ба иртибот бо ифротгароён муттаҳам мекунанд

Date:



Ҳукуматдорон метавонанд иштироки занони воиз –  бибиотунҳоро дар маъракаҳои занон дар Тоҷикистон манъ кунанд, зеро бар ин назаранд, ки онҳо миёни занон афкори ифротгароиро таблиғ менамоянд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Душанбе ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо истифода аз бибиотунҳо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ақидаҳои худро миёни занони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ мекунад.

Ӯ пешниҳод кард, ки тамоми амри маъруфе, ки аз ҷониби ин занон дар маъракаву расму оинҳои миллӣ сурат мегирад, манъ карда шавад.

Ба гуфтаи А.Раҳмонзода, тайи солҳои ахир шумори бибиотунҳо дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, онҳо бидуни монеъа дар маъракаҳо суханрониву амри маъруф мекунанд. «Бахусус таъсири онҳо ба занони минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе зиёд мешавад», – таъкид дошт номбурда.

Раҳмонзода бо изҳори таассуф қайд кард, ки иштирокчиёни ин маъракаҳо ва шоҳидони амалҳои бибиотунҳо баҳри пешгирии он ҳеҷ тадбире намеандешанд. «Ба ин масъала мо бояд хеле ҷиддӣ муносибат карда, пеши роҳи ин гуна амалҳо номатлубро гирем», – афзуд ёвари президент.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳои вилояти Суғд таъсис дода шуда буд, ки ба ҳайати он 40 нафар воиззанони мазҳабӣ аз шаҳри Хуҷанду ҷамоатҳои Унҷӣ, Х.Усмон ва Ёваи Бобоҷон Гафуров шомил буданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода замоне ҳатто саҳми арзандаи Шӯрои бибиотунҳо дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳрро қайд карда, барои иштирокашон дар маъракаи ғунучини ҳосили пахта ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуда буд. Ба чанде аз бибиотунҳои фаъол туҳфаҳои хотирваӣ ҳам тақдим шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...