Рӯзи 15 октябр зимни чорабиниҳои махсуси кормандони милиса дар шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва марди 48-солаи сокини шаҳр Чкалов, ки қаблан низ барои содир намудани чунин ҷиноят маҳкум шудааст, боздошт гардиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 28 килою 830 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, зимни як чорабинии дигари оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷандро, ки пеш бо моддаи 228 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, дастгир намуда, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 890 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



