Суди Мешанскии шаҳри Маскав рӯзи сешанбе шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Ироновро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияташ дар қаламрави Русия манъ аст, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хабаргузории
РИА Новости
иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти интишоршуда, рӯзи 12 октябр Хадамоти тафтишоти Раёсати Хадамоти федералии амният дар шаҳр ва вилояти Маскав нисбати чанде аз афрод, аз ҷумла Иронов мутобиқи моддаи 205.5, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ФР (ташкили фаъолияти созмоне, ки мувофиқи қонунгузории Русия террористӣ эътироф шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Хабаргузорӣ қайд мекунад, ки қаблан рӯзи сешанбе суди Мешанскии шаҳри Маскав Аҳрор Раҳимовро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб ут-Таҳрир ал Исломӣ» ба ҳабс гирифтааст.
Чанде пеш аз ин хабаргузории
«Интерфакс»
иттилоъ дода буд, ки суди Мешанскии шаҳри Маскав 20 нафарро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб ут-Таҳрир» то нимаи моҳи декабр ба ҳабс гирифтааст.
Бино ба иттилои хабаргузорӣ, миёни ҳабсшудагон танҳо 1 нафараш шаҳрванди Русия ва боқимонда хориҷиён будаанд, ки айни замон дар Русия қайд надошта, бекор будаанд. Тибқи фарзияи тафтишот, ҳамаи онҳо бо ҳаракати фаъолияташ дар қаламрави Русия мамнӯъи «Ҳизб ут-Таҳрир ал Исломӣ» робита дошта, «аз малакаҳои пинҳонкорӣ ва муқовимат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархӯрдор будаанд».
Як манбаъи агентии «Москва» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
хабар додааст
, ки ҳабсшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки 6 нафарашон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи робита доштан бо созмони террористӣ ва 14 тан ба иштирок дар фаъолияти он гумонбар дониста мешаванд. Муфаттишон онҳоро дар таблиғи ғояҳои «Ҳизб ут-Таҳрир», ҷалби аъзои нав ба сафҳои он ва ҷамъоварии маблағи пулӣ барои эҳтиёҷоти ин ҳаракат гумонбар медонанд.


