Муовини сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони ИДМ дар Душанбе

Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ, 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, Ӯзбекистонро муовини нахуствазири ин кишвар Адҳам Икромов намояндагӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин ҷаласа Туркманистонро низ яке аз муовинони нахуствазири ин кишвар намояндагӣ хоҳад кард. Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пагоҳ, 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, Ӯзбекистонро муовини нахуствазири ин кишвар Адҳам Икромов намояндагӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин ҷаласа Туркманистонро низ яке аз муовинони нахуствазири ин кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 30 октябр дар маҷмааи Кохи Наврӯз баргузор мешавад. Моҳи сентябри соли 2014 дар ин маҷмаа нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир гардида буд. Пас аз анҷоми кори ҷаласа барои намояндагони ВАО нишсти хабарӣ барпо карда мешавад.

Аз ташрифи нахуствазирони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова, Озарбойҷон ва Беларус ба Душанбе интизорӣ меравад. Дар кори ҷаласаи нахуствазирони ИДМ дар Душанбе Украина иштирок намекунад.

Рӯзи 30 октябр иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, назди онҳо суханронӣ мекунад. Вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон бо нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Кохи миллат доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.