Зимни вохӯрии имрӯза бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки маблағгузори асосии исёни мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҲНИТ буд ва ин ҳизб ин ҳодисаҳоро пурра роҳбарӣ карда буд.
Вазир ҳамчунин қайд кард, ки мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки «мо кӯшиш карда истодаем, ки ин ҷавонони гумроҳро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонем».
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо зиёда аз 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доранд, ки аз инҳо 50 нафарашон бо ихтиёри худ баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба ҳаёти осоишта машғуланд.



