Баррасии қонун дар бораи Пешвои миллат дар палатаи болоии парлумон

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсад Убайдуллоев чанде қабл ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар он рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Тоҷикистон даъвати панҷум тасдиқ карда шуд. Иҷлосияи мазкур имрӯз доир мегардад. Аз палатаи поёни парлумони ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттлоъдоданд, ки дар иҷлосия тағийроту иловаҳои қаблан аз ҷониби Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев



Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсад Убайдуллоев чанде қабл ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар он рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Тоҷикистон даъвати панҷум тасдиқ карда шуд. Иҷлосияи мазкур имрӯз доир мегардад.

Аз палатаи поёни парлумони ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттлоъдоданд, ки дар иҷлосия тағийроту иловаҳои қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабушуда ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем ки палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 9 декабр аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷонибдорӣ намуд, ки ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад. Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Барои ҳукми қонунӣ гирифтани қонун, онро бояд палатаи болоии парлумон тасдиқ ва аз ҷониби президент ба имзо расад. Пас аз нашри он дар матбуоти расмӣ қонун мавриди амал қароргирифта шуморида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.