Cобиқ маҳбус ҳамсарашро ба қатл расонид

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 117 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда шаби 26 декабр дар хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 38-солаи […]

ASIA-Plus



Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро, ки пеш бо моддаи 117 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда шаби 26 декабр дар хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ҳоҷагии дар дасташ буда, 5-маротиба ба қисми чап ва рости гардани ӯ задааст, ки дар натиҷа собиқ ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.