Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба қурбониёни зилзилаи харобиоваре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 7 декабр соли ҷорӣ рух дод, кӯмаки башардӯстонаро ба ҳаҷми умумии 84 ҳазор евро таъмин карда истодааст.
Зиёда аз 36000 евро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас мегардад то ин Ҷамъият кӯмаки хеле зарурро зудтар ба 195 хонаводаҳои осебпазир таъмин намояд. Хонаводаҳои мазкур иборат аз 935 нафар, аз ҷумла якчанд фарзанду маъюбон доранд, асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд гирифт. Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо беш аз нисфи маблағе, ки дар муроҷиатномаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Фонди ҳолатҳои фавқулода ишора шудааст, мепӯшонад. Чунин муроҷиатнома дар вақте пешниҳод мегардад, ки Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар барои вокуниш ба офати табиӣ ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад.
Созмонҳои шарики Комиссияи Аврупо, ки барномаи паст кардани хатари офатҳои табииро (“ДИПЭКО”) амалӣ месозанд, тавонистанд ба дар ин ҳолати фавқулодда зуд ҷавоб диҳанд. Масалан, ташкилоти “ФОКУС” – яке аз созмонҳои шарики Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи расонидани кӯмаки башардӯстона – дар ин минтақа доимо ҳузур дошта, кӯшиш мекунад, ки талошҳои дигар ташкилоту созмонҳо дар вокуниш ба офатҳои табиӣ ҳамоҳанг намояд: ин созмон низ арзёбии ниёзҳои мардуми зарардидаро гузаронида, дархостҳоеро оиди мазмуни кӯмаки фаврии башардӯстонаро ба таври мутамарказ омода мекунад. Созмони “Оксфам” – дигар шарики Комиссияи Аврупо – аз маблағҳои “ДИПЭКО” 48 ҳазор евроро ҷудо кардааст то қурбониёни зилзиларо бо кампалҳо, либосҳои зимистона, бастачаҳои беҳдоштӣ ва дигар ашёи ниёзи хонаводаҳо таъмин намояд.





