Ошкор шудани 125 ҷиноят аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ

Date:



Ҷамъбасти соли 2015 нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ 177 ситодҳои Дружинаҳои ихтиёрӣ бо шумори 17 ҳазору 130 нафар аъзо амал мекунанд, ки назар ба соли гузашта 1 ҳазору 760 нафар зиёд мебошад.

Бино ба

иттилои

маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  дружиначиёни ихтиёрӣ дар соли 2015  дар ошкор намудани зиёда аз 125 ҷиноят фаъолона бо кормандони милитсия иштирок намудаанд, аз он ҷумла дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Душанбе 41 ҷиноят, вилояти Хатлон 27 ҷиноят, вилояти Суғд 14 ҷиноят, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 45 ҷиноят ошкор намудаанд.

Гуфта мешавад, бо ташаббуси дружиначиёни ихтиёрӣ инчунин чор нафар ҷинояткорони аз тафтишот пинҳонгашта низ ошкору дастгир шудаанд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи иштироки фаъолонаи дружиначиён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 5690 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор ва аз ҷониби кормандони милитсия протокол тартиб дода шудааст, ки ин нишондод ҳам назар ба соли гузашта беш аз 560 ҳуқуқвайронкуниро ташкил додааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...