Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 23 ҳазор тонна аз 42 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон – 20,1% рост меояд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии ин кумак ба Чин (13,1%), Русия (10,9%), Нидерланд (8,7%), Дания (6,8%), ИМА (5,9%), Қазоқистон (5,4%), АМА (4,3%), Австрия (4%), Ҳиндустон (3%), Латвия (1,8%), Франсия (1,7%), Туркманистон (1,6%), Қирғизистон, Эрон ва Швейтсария (1,4%-ӣ), Кувайт (1,1%), Норвегия (0,7%) рост омада, боз 24 кишвари дигари дунё низ дар ин давра ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2014 ба Тоҷикистон аз 42 кишвари дунё ба маблағи умумии 58 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Як сол қабл ба маблағи умумии 88 млн. доллари ИМА аз 46 кишвари дунё кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.
Солҳои қаблӣ яке аз кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ИМА ба шумор мерафт, ки аз ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона аз нисф зиёди он ба ин давлат рост меомад. Ҳамин тариқ, соли 2013 аз ҳаҷми умумии кумакҳо- 60% ва соли 2014 – 56,5% ба ИМА рост омада буд.



