Уҳдадориҳои волидон оид ба пайгирии бо кадом сомонаҳо сарукор доштани фарзандон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда волидонро уҳдадор месозанд, ки бо кадом сомонаҳо дар шабакаи Интернет сарукор доштани фарзандонашонро пайгирӣ […]



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда волидонро уҳдадор месозанд, ки бо кадом сомонаҳо дар шабакаи Интернет сарукор доштани фарзандонашонро пайгирӣ кунанд.

«Иқдоми мазкур ба ҳифзи кӯдакон аз воридшавӣ ба сомонаҳое, ки барои тарбияи онҳо оқибатҳои манфӣ дорад, таҳти таъсири сомонаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қарор гирифтани онҳо ва воридшавӣ ба сомонаҳои таблиғкунандаи зӯроварӣ ва ғайра нигаронида шудааст», – қайд кард вазир.

Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон ирсол намуд.

Моҳияти тағйироту иловаҳои мазкур чунин аст: ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дархости волидон ба онҳо дар бораи ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашон дар шабакаи Интернет бепул маълумот пешниҳод намоянд.

Ин тағйироту иловаҳо ҳамчунин ба пешгирии кӯдакон аз пайвастан ба сафҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, муҳофизати онҳо аз зӯроварӣ ва безавқӣ нигаронида шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.