Сафири тозатаъини ИМА ба Тоҷикистон омад

Сафири навинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет И. Миллард баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур ба Душанбе ташриф овард. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои […]



Сафири навинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет И. Миллард баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон, ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, таҷрибаи бой ва дониши кофӣ марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст.

Сафир Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намудааст. Ӯ инчунин дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият намуда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст.

Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани”дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст.

Сафир Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Хонум ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва чанде бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.