Тоҷикистон бори нахуст ба содироти семент шурӯъ кард

Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи навтарини худ ба содироти семент шурӯъ кард. Соли гузашта 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон ба ширкати афғонии «Шимол-Шарқ» фурӯхта шуд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1,4 млн. тонна семент истеҳсол шуда, ҳудуди 77% аз […]



Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи навтарини худ ба содироти семент шурӯъ кард. Соли гузашта 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон ба ширкати афғонии «Шимол-Шарқ» фурӯхта шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1,4 млн. тонна семент истеҳсол шуда, ҳудуди 77% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин, 16% – ба корхонаи «Тоҷиксемент» ва ҳаҷми боқимонда ба шаш корхонаи дигар рост меояд.

«Талаботи Тоҷикистон ба ин масолеҳи сохтмон 2 млн. тонна дар як сол арзёбӣ мешавад», – қайд кард вазир.

Ӯ зикр кард, ки давоми соли ҷорӣ ба истифода додани боз се корхонаи истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ дар назар аст.

Вазир таъкид дошт, ки барои ба яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил додани семент ҳамаи шароиту имконот фароҳам аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.