Даъвати нозирони тоҷик ба интихоботи парлумонии Қазоқистон



Раиси Комиссияи интихоботии Қазоқистон Куандик Турганқулов бо дархости ба Остона фиристодани ду нозир барои мониторинги маъракаи интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ дар Қазоқистон, ки санаи 20 марти соли ҷорӣ доир мегардад, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон расман муроҷиат кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо чунин дархост ба КМИР Тоҷикистон дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов низ муроҷиат кардааст.

«Ояндаи наздик номзадҳо ба нозирӣ аз Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Қазоқистон дар ҳайати ИДМ ва СҲШ муайян карда мешаванд», – изҳор дошт номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное