Э.Раҳмон ба якуним баробар афзудани содироти сабзавоту мева ба Русия дастур дод

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба манфиати бунёди боғҳои мевагии содиротӣ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ супориш дод, ки содироти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон ба Федератсияи Русия худи ҳамин сол 1,5 баробар ва то соли оянда 3 баробар афзун карда шавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти кишвар […]



Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба манфиати бунёди боғҳои мевагии содиротӣ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ супориш дод, ки содироти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон ба Федератсияи Русия худи ҳамин сол 1,5 баробар ва то соли оянда 3 баробар афзун карда шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки “имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст”.

Сарвари давлат қайд кард, ки ҳоло олимону мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ва ҳам соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Федератсия Русия, пеш аз ҳама аз канораи Краснодари ин кишвари паҳновар ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст, зеро тайи солҳои охир бо амалӣ намудани чанд барномаи давлатӣ дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт.

«Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи барномаи нави ин соҳа, ки барои солҳои 2016-2020 қабул шуд, дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд. Дар аксари ин боғу токзор ниҳолҳои навъҳои содиротӣ, ки меваи онҳо дар хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд, парвариш меёбанд», – иброз дошт президент.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳамин гуна нақшаҳои калонмиқёс дар бахши сабзавоткорӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти барвақтӣ, амалӣ мешаванд. «Ин аст, ки имсол танҳо пиёзи барвақтӣ бояд дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор тонна аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содир карда шавад». – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.