Раиси Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ боздид кард

Иттилоияи расмӣ



Соли ҷорӣ сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар баробари таҷлили Наврӯзи хуҷастапай, иди Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин 60-солагии азхудкунии заминҳои Дилварзинро истиқбол  менамоянд.

Аз инҷост, ки имрӯзҳо дар ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ бомаром ҷараён дорад. Бо мақсади шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо санаи 24 феврал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

Боздиди Раиси вилоят аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои шаҳраки навбунёди Меҳробод оғоз шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон имрӯзҳо дар вилояти Суғд сохтмони шаҳракҳои наву замонавӣ аз қабили Сайҳун, Баҳористону Моҳпарӣ  идома дорад. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ бунёди як шаҳраки муосир бо номи Меҳробод идома дошта, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар маҷмӯан барои 2700 эҳтиёмандон, сокинони ҷамоатхои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон дар инҷо замин дода шудааст. Айни замон лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд карда мешаванд. Тавре аён гардид, то ба ин дам дар ин шаҳраки навбунёд корҳои асосӣ аз қабили бунёди роҳҳо, омодасозии ҷӯйборҳои бетонӣ,  чароғонкунии роҳҳои марказӣ идома дорад. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз рафти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки дар самти бунёди хонаҳои истиқоматӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ дар заминҳои шафати роҳи асосӣ, корҳои чароғонкунӣ, роҳсозӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ корҳо бояд ҷоннок карда шаванд. Дар ин замина ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳоро дар ду баст ба роҳ монанд.

Яке аз масъалаҳои асосии шаҳрак бо оби нӯшокӣ таъмин намудани бошандагони он маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи аввал барои таъминоти сокинони шаҳрак бо об инҷо ду чоҳи амудӣ кофта шуда, тавассути қубурҳои қутрашон 315 миллиметрӣ ба масофаи панҷ километр ба ин мавзеъ об оварда мешавад. Ҳамчунин сохтани ду ҳавзи обҷамъкунии ғунҷоишашон якуним ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шудааст. Оянда шумори чоҳҳои амудӣ дар ин макон ба 6 адад хоҳад расид.

Дар ҳамин мавзеъ, дар наздикии шаҳраки навбунёди Меҳробод, дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии Умари Хайём боғи сиёҳолу бунёд шудааст, ки он мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Тавре зикр карда шуд дар инҷо мувофиқи нақша дар масоҳати умумии 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд карда мешавад ва дар маҷмӯъ бошад дар ин мавзеъ беш аз 3 ҳазор гектар замин, ки солҳои тӯлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд, дубора азхуд карда хоҳад шуд. Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо кишоварзону мутахассисон таъкид дошт, ки бояд шохҳои иловагии  ниҳолҳои шинонидашуда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ  бурида шуда, зери ниҳолҳо нарм карда шаванд. Тавсия дода шуд, ки барои нигоҳдории намии атрофи ниҳолҳо бо истифода аз усулҳои нави обёрӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ метавон даст ёфт.

Зимнан, бо мақсади обёрии ин заминҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пойгоҳи обкашии Дилварзин -3 аз таъмир бароварда мешавад ва ин имкон медиҳад, ки тамоми заминҳои ин мавзеъ пурра бо оби полезӣ таъмин гардад.

Дар рафти сафар Раиси вилоят аз вазъи роҳҳои марказӣ ва каналҳои обгузар дар ноҳияи Мастчох шинос гардида, барои тоза намудани каналҳои обгузар тавсияҳо дод.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо рафти сохтмони бинои беморхонаи касалиҳои сил дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки  аксари корҳо дар бинои мазкур ба анҷом расонида шуда, айни замон сохтмончиён ба корҳои ороишии бино машғул ҳастанд. Бояд гуфт, ки бинои мазкур аз 2-ошёна иборат буда, он мувофиқи Барномаи давлатии рушди ноҳияи Мастчоҳ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат бунёд гардида истодааст.  Бинои мазкур пас аз пурра сохта шудан бо дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир пурра муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Сипас Раиси вилоят бо лоиҳаи таъмиру таҷдиди кӯчаи марказии шаҳраки Бӯстон, ки 2,5 километрро ташкил медиҳад шинос гардид.  Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд корҳои банақшагирифташуда бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои наздиктарин ба анҷом расонида шаванд. Чӣ тавре зикр карда шуд, мувофиқи нақша бояд ба  буридани дарахтони хушкшудаю тарҳашон номувофиқ ва ба ҷои онҳо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, васеъкунии роҳравҳо ва сафолакбандии онҳо, чароғонкунӣ, сохтмони  фаввораҳои рангин, насби нишастгоҳҳо дар атрофи фаввораҳо ва таъмири намуди зоҳирии биноҳои истиқоматии ду тарафи роҳҳо эътибори хоса зоҳир гардад.  Ҳамаи ин иқдомҳои ободонӣ маҳз ба туфайли сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини сулҳу субот дар кишвар  амалӣ гардида истодаанд. Баробари пиёда гаштани лоиҳаи мазкур ояндаи наздик ноҳия Мастчоҳ ба яке аз ноҳияҳои намунавӣ табдил дода ҳоҳад шуд, ки аз ин иқдом сокинони ноҳия хело хушҳол мебошанд.

Дар ин радиф ҳамчунин  корҳои ободониву созандагӣ дар боғи истироҳативу фароғатии ноҳия, ки солҳои тӯлонӣ дар вазъи ногувор буд,  бо маром идома дорад. Ҳини боздид аз боғи истироҳативу фароғатии ноҳия Раиси вилоят ба масъулин дастур дод,  ки таъмиру таҷдиди онро бо сифати баланд ба роҳ монанд. Пеш аз ҳама ба масъалаи  кабудизоркунӣ ва чароғонкунии ҳудуди боғ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намуд. Дар ҳудуди боғи маданият инчунин бунёди чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона низ ба нақша гирифта шудааст. Боғи маданият баъди таъмир аз атраксионҳои гуногун, майдончаҳои хурди варзишӣ, амфитеатр, ҳавзчаҳои шиноварӣ ва ғайра иборат шуда, барои сокинону меҳмонони ноҳия ҳамчун макони дилкаши фароғатӣ хизмат хоҳад кард.

Пас аз шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ  ва ироаи тавсияву дастурҳо ба масъулин Абдураҳмон Қодирӣ озими маркази вилоят шуд. Раиси вилоят дар бозгашт аз Муассисаи давлатии илмии боғи ботаникии шаҳри Хучанд дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур масоҳати 14,7 гектарро дар бар гирифта, дар инҷо 132 намуди дарахтони ороишӣ, дарахти мевадиҳандаи хурмо ва номгӯи зиёди гулҳои ороишӣ шинонида шуда, парвариш мешаванд. Таъкид гардид, ки ниҳолу дарахтон ва гулҳои парваришнамудаи ин муассиса назди бинову корхонаҳо ва кучаҳои шаҳру ноҳияҳоро зеб медиҳад. Ба роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки теъдоди дарахтону гулҳои ороишии парваришшаванда зиёд карда шавад. Зеро фаъолияти густурдаи ин муассиса барои зебоии муҳити атроф мусоидат хоҳад  кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...