Даъвати С. Аслов аз гурӯҳи кишварҳо ҷиҳати дастгирии номзадии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 феврали соли 2016 дар ҷаласаи ҳармоҳаи Гуруҳи кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб таҳти раёсати Намояндаи доимии Уругвай дар СММ дар Ню- Йорк ширкат ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи […]



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 феврали соли 2016 дар ҷаласаи ҳармоҳаи Гуруҳи кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб таҳти раёсати Намояндаи доимии Уругвай дар СММ дар Ню- Йорк ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, маориф ва ғ. ҷалб намуда, омодагии кишварро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор дар соҳаҳои болозикр таъкид кард.

Гуфта мешавад, дар анҷом Вазири корҳои хориҷӣ аз кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб даъват ба амал овард, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14 июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.