Ифтитоҳи нахустин қаҳвахонаи яхмоси «Баскин Роббинс» дар Тоҷикистон

ASIA-Plus



Ширкати дар ҷаҳон маъруф ва муваффақи истеҳсол ва фурӯши яхмоси «Баскин Робинс» ният дорад, ки нахустин қаҳвахонаи худро дар Тоҷикистон боз намояд.

Аз дафтари матбуоти ширкати мазкур ба

The DairyNews

дар ин робита иттилоъ додаанд, ки айни замон маҳсулоти «Баскин Роббинс» ба 6 кишвари пасошӯравӣ – Латвия, Молдова, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Туркманистон фиристода шуда, имсол афзоиши ҳаҷми таҳвилу содирот дар назар аст.

Империяи дар саросари дунё маъруфи истеҳсоли яхмоси «Баскин Роббинс» соли1946 дар Калифорния арзи ҳастӣ намуда, айни замон дар 4,6 ҳазор адад қаҳвахонаҳои 52 кишвари дунё 1,5 млн. нафар ҳамарӯза аз ин яхмос харидорӣ мекунанд.

Нахустин Ширкати муштараки «Баскин Роббинс Совет Интернешнл» дар қаламрави Русия соли 1990 ба фаъолият шурӯъ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...