Президент ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ ҳусни оғоз мебахшад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 1 март ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ – «ТВ-Варзиш» ва «ТВ-Синамо» ҳусни оғоз мебахшад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Ёдрас мекунем, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар аз 24 ноябри соли гузашта Файзуллозода Хуршед Мирзо директори Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» ва Набизода Набӣ директори Муассисаи давлатии […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 1 март ба фаъолияти ду шабакаи нави телевизионӣ – «ТВ-Варзиш» ва «ТВ-Синамо» ҳусни оғоз мебахшад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарорҳои ҳукумати кишвар аз 24 ноябри соли гузашта Файзуллозода Хуршед Мирзо директори Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» ва Набизода Набӣ директори Муассисаи давлатии «ТВ-Синамо» таъин карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дафтарҳои кории шабакаҳои нави телевизионҳои давлатӣ дар бинои Академияи ВАО-и Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт ҷойгиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.