Пирӯзии ислоҳталабон дар интихоботи парлумонии Эрон

Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ дар шумориши раъйҳо тими ислоҳталабон дар интихоботи Эрон аз тими усулгарон пешсафанд. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , рӯзи якшанбе комиссиюни интихоботи Эрон эълон кард, ки 90 дарсади орои мардум дар Теҳрон шумурда шуд. Дар пойтахти Эрон ислоҳталабон аз 30 курсӣ 29 курсиро дар маҷлис ба даст оварданд. Аз миёни усулгароён Ғуломалӣ […]

TojNews



Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ дар шумориши раъйҳо тими ислоҳталабон дар интихоботи Эрон аз тими усулгарон пешсафанд.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

, рӯзи якшанбе комиссиюни интихоботи Эрон эълон кард, ки 90 дарсади орои мардум дар Теҳрон шумурда шуд. Дар пойтахти Эрон ислоҳталабон аз 30 курсӣ 29 курсиро дар маҷлис ба даст оварданд.

Аз миёни усулгароён Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, як тан аз боризтарин чеҳраҳои сиёсӣ дар ин раддабандӣ дар мақоми 31 қарор гирифтааст ва ба маҷлис роҳ наёфт. Ҳоло усулгароён аз ҳавзаи Теҳрон танҳо ба як курсӣ чашми умед дӯхтаанд.

Шумориши овозҳо идома дорад ва аз аввалин рӯзи анҷоми интихобот аз пирӯзии бесобиқаи ислоҳгароён, тими президенти кунунӣ ва эътилофи ӯ хабар дода мешавад.

Ҳамзамон Ситоди интихоботии вазорати кишвари Эрон тозатарин раддабандии натоиҷи  интихоботи Хубрагон дар Теҳронро эълон намуд. Бар асоси ин хабар оятуллоҳи Ҷаннатӣ-Дабири шӯрои нигаҳбон дар интиҳои ин раддабандӣ қарор гирифтааст. Дар интихоботи Хубрагон аз ҳавзаи Теҳрон Али Акбар Ҳошимии Равсанҷонӣ пешсаф аст. Вале райиси кунунии маҷлиси хубрагон Оятуллоҳ Яздӣ, Муҳаммад Тақии Мисбоҳи Яздӣ аз феҳристи ёздаҳнафараи Теҳрон хориҷ шуданд.

Вазорати кишвари Эрон хабар додааст, ки 60 дарсади аҳолии қобили раъй (35 миллион нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Онҳо барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва 88 узви Хубрагони раҳбарӣ овоз доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.