Сафир ба амрикоиҳо доир ба Тоҷикистон маълумот дод

Сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим зимни суханронӣ дар Маркази байнулмилалии савдо ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон ба ҳозирин доир ба имконоти сармояугзорӣ дар Тоҷикистон, захираҳои обиву энергетикӣ, сайёҳӣ, рушди коммуникатсия ва бахши аграрии ҷумҳурӣ маълумот дод. Дар маърӯзаи худ дипломати тоҷик аз ҷумла ба масъалаи талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба […]



Сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим зимни суханронӣ дар Маркази байнулмилалии савдо ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон ба ҳозирин доир ба имконоти сармояугзорӣ дар Тоҷикистон, захираҳои обиву энергетикӣ, сайёҳӣ, рушди коммуникатсия ва бахши аграрии ҷумҳурӣ маълумот дод.

Дар маърӯзаи худ дипломати тоҷик аз ҷумла ба масъалаи талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба се ҳадафи стратегӣ – раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Фарҳод Салим ҳамчунин ба саволҳои сершумори иштирокдорони чорабинӣ, ки миёнашон намояндагони сохторҳои расмии ИМА ва доираҳои тиҷоратӣ, дипломатҳо, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд, посух гуфт.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон бо мусоидати ширкати The Washington Intergovernmental Professional Group, ба ташкили вохӯриҳо бо аъзои Конгресс ва дипломатҳои хориҷии муқими пойтахти ИМА машғул аст, созмон дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.