С.Аслов мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Фаластинро баён кард

Дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта 7 марти 2016 Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Саммит Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов аз номи Ҳукумати кишвар суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи […]



Дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта 7 марти 2016 Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Саммит Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов аз номи Ҳукумати кишвар суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи меҳварии СҲИ  иброз намуд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он ҷиҳати ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овард.

Дар поёни Саммит эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.

Дар ҳошияи Саммити мазкур мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Малайзия Датук Сери Анифаҳ Ҳоҷӣ Аман доир гардид.

Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷонибаро, аз ҷумла раванди татбиқи тавофуқот ва созишҳое, ки қаблан зимни сафарҳои расмии ҳайатҳои сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ намуда, дар мавриди вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.