Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани атғйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар масъалаи сангинтар намудани масъулият барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар тағйироти зикршуда сангинтар шудани ҷавобгарии шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, аз ҷумла зиёд шудани ҷаримаву муҳлати таъқиб ва мусодираи асъори дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта пешбинӣ шудааст.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи имрӯза ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекс дар бораи ҳуқуқайронкунии маъмурӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.
Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ масъалаи тасдиқи созишномаи грантӣ аз рӯи Лоиҳаи тақвияти маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсил миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушдро низ баррасӣ мекунанд.





