Боздошти сокини Шаҳринав барои таҳидиди куштани фарзандони як оила

Кормандони милитсия рӯзи 7 март марди 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда моҳи январи соли 2015 дар хонаи истиқоматии зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муддати 10 шабонарӯз корҳои таъмирӣ анҷом дода, оид ба шахсияти шавҳар ва фарзандони ноболиғи […]



Кормандони милитсия рӯзи 7 март марди 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда моҳи январи соли 2015 дар хонаи истиқоматии зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муддати 10 шабонарӯз корҳои таъмирӣ анҷом дода, оид ба шахсияти шавҳар ва фарзандони ноболиғи соҳибхона маълумот пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, сипас, моҳи феврали соли 2016 бо мақсади тамаъҷӯӣ якчанд маротиба аз рақамҳои гуногун ба телефони мобилии зани 46-сола занг зада, худро муаррифӣ намекунад ва бо таҳдиди куштор ва расонидани зарари ҷисмонӣ нисбати фарзандони ноболиғаш аз ӯ 6 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.