Сафарбарии техникаи зиреҳпӯши зиёд ва авиатсия дар размоишҳои Тоҷикистону Русия

– Ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд, – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода. Ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба размоиш чанде қабл, 9 март […]



– Ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд, – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба размоиш чанде қабл, 9 март дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» оғоз гардид.

«Бори нахуст дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории размоишҳо ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар он нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар низ иштирок мекунанд, ки аллакай ба макони баргузории размоиш омаданд». – гуфт ӯ.

Размоиш бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор нафар афсарону сарбозони Русия баргузор мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав» гузаронида мешаванд.

Машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.