ВКД ВАО-ро ба такя танҳо ба сарчашмаҳои расмии маълумот даъват мекунад

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

маълумоти

чанде аз ВАО дар бораи гӯё бе асос дастгир намудани сокинони шаҳри Роғунро аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина ҷамъшавии пайвандону наздикони онҳоро дар назди  ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ беасос унвон мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон зикр мегардад, ки ин гуна хабарҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, чунки бе нишон додани сарчашмаи иттилоотӣ паҳн шуда ва умуман бе сарчашмаи асоснок паҳн намудани ахборот аз тарафи воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир қобили қабул нест ва мардуми Тоҷикистон аз ин бархурдоранд.

Қайд мешавад, ки чанде аз сокинони шаҳри Роғун (ва нафақат аз ин шаҳр) барои шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ дастгир ва баъзе шахсон барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват карда шудаанд.

Гуфта мешавад, касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ

ҷамъ наомадаанд

ва қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд.

«Бояд тазаккур дод, ки ин ҳама чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст», – таъкид мешавад дар маълумот.



(Ин сурат аз ҷониби хабарнигори «Азия-Плюс» нимаи дуюми рӯзи 9 март назди бинои ШВКД ноҳияи Фирдавсии пойтахт аксбардорӣ шудааст). 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...