Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» пазируфта шуд

ASIA-Plus



Тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” интихоб ва пазируфта шуд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд.

Таъкид мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15 нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд.

Гуфта мешавад, 14 нафари дигари ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” интихобшуда роҳбарони давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Нидерландия, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва дигарон мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...